Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз ошкор шудани боз як ҳолати қаллобии марбут ба харидуфурӯши замин дар ҳаҷми махсусан калон хабар дод. Бино ба хабари Маркази матбуоти Агентӣ, корманди Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилӣ бо ҳаммаслаконаш барои ҳуҷҷатгузории қитъаҳои замин аз шаҳрвандон зиёда аз 600 ҳазор сомонӣ гирифтаанд:
“Милитсионери Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоев Амрулло Хайруллоевич бо маслиҳати пешакӣ бо Юсупов Сино Юсупҷонович ва дигарон, моҳи апрели соли 2019 ба боварии шаҳрванд Муродова Дилноза Абдуҷалиловна даромада, аз охирин барои ҳуҷҷатгузорӣ карда додани 0,07 га. қитъаи замин аз ҳисоби замини наздиҳавлигии шаҳрванд Одинаев F.Ҷ., маблағи 203000 сомонӣ талаб карда гирифта, онро тасарруф намуданд”, — хабар дод Агентӣ.
Ба хабари манбаъ, ғайр аз ин, Мирзоев А.Х., Юсупов С.Ю. ва дигарон, бо ҳамин тарзу усул ба шаҳрванд Гулов А.Р., ба маблағи 44000 сомонӣ ва ба Назруллоев А.М. ба миқдори 366925 сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидаанд.
Оид ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба Мирзоев А.Х. ва Юсупов С.Ю. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.