Эрон аз қатъи фаврии табодули паёмҳо ва музокироти ғайримустақим бо Иёлоти Муттаҳида хабар дод. Ба гуфтаи мақомоти эронӣ, ин тасмим дар посух ба шиддат гирифтани даргириҳо дар Навори Ғазза ва Лубнон гирифта шудааст.
Тавре хабаргузории Tasnim иттилоъ медиҳад, Теҳрон ҳама гуна гуфтугӯ ва мубодилаи матнҳои музокиротиро бо ҷониби амрикоӣ то огоҳии дигар боздоштааст. Мақомоти Эрон мегӯянд, риояи оташбас яке аз шартҳои асосии идомаи муколама буд ва нақзи он боиси қатъи равобити музокиротӣ гардид.
Ба гуфтаи намояндагони ҳайати музокиракунандаи Эрон, гуфтугӯҳо танҳо дар сурати иҷрои шартҳои зерин аз сар гирифта мешаванд:
— Қатъи фаврӣ ва пурраи амалиётҳои низомии Исроил дар Навори Ғазза ва Лубнон;
— Хуруҷи комили нерӯҳои исроилӣ аз минтақаҳои ишғолшуда дар Лубнон.
Манбаъҳои эронӣ инчунин аз омодагии Теҳрон ва гурӯҳҳои ҳампаймони он барои андешидани чораҳои ҷавобӣ хабар медиҳанд. Дар байни иқдомҳои эҳтимолӣ бастани пурраи тангаи Ҳурмуз ва фаъолсозии фишор дар дигар самтҳои стратегии минтақа, аз ҷумла тангаи Бобулмандаб, зикр шудааст.
Мақомоти Эрон таъкид мекунанд, ки мавқеи кишвар тағйир наёфтааст. Ба гуфтаи онҳо, то замоне ки талаботи Теҳрон ва гурӯҳҳои муқовимат оид ба қатъи амалиётҳои низомӣ пурра иҷро нашаванд, барқарор шудани тамосҳои дипломатӣ дар ин замина ғайриимкон хоҳад буд.




