Спитамен Бонк қарзи ипотекӣ пешниҳод менамояд

Shared to Facebook Shared to Max

Спитамен Бонк ба муштариён имконияти гирифтани қарзи ипотекӣ барои хариди манзил бо шартҳои қулай пешниҳод менамояд, хабар додааст маркази матбуоти бонк.

Ин маҳсулот барои шахсони воқеӣ пешбинӣ шудааст, ки мехоҳанд хона, манзил ё шароити зисти худро беҳтар намоянд. Муштариён метавонанд аз 10 000 то 500 000 сомонӣ ё то 300 000 доллари ИМА маблағгузорӣ гиранд. Муҳлати қарз то 10 сол бо сомонӣ ва то 15 сол бо доллари ИМА мебошад.

Меъёри фоизии солона аз 22% бо сомонӣ ва аз 14% бо доллари ИМА оғоз мегардад. Пардохти аввалия аз 20%-и арзиши амволи ғайриманқулро ташкил медиҳад.

Спитамен Бонк ба муштариён кӯмак мекунад, ки бо шартҳои фаҳмо ва муносибати инфиродӣ ба соҳиби манзил шудан як қадам наздиктар гарданд.

➡️ҶСП «Спитамен Бонк»