Сафорати Тоҷикистон дар Русия эълон кард, ки номнависӣ дар бинои Сафорат ва консулгариҳои генералӣ барои бозгашт аз Русия тариқи хатсайрҳои махсус муваққатан қатъ карда шуд. Сабаби ин тасмим теъдоди ниҳоят зиёди хоҳишмандон будааст:
“Бинобар теъдоди ниҳоят зиёди хоҳишмандон ҷиҳати бозгашт ба Ватан, ки аз шумораи парвозҳои чартерии дар моҳи июл ба нақша гирифташуда якчанд маротиба зиёд мебошад, эҳтиромона ба маълумоти ҳамватанон мерасонем, ки барӯйхатгирии шаҳрвандон ба таври мустақим дар бинои Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Россия муваққатан қатъ карда мешавад”, — эълон карда Сафорат.
Аммо, қабули аризаҳо барои бозгашт ба Ватан тавассути адреси электронии charter-russia@mfa.tj бо назардошти эҳтимоли ташкили парвозҳои махсуси минбаъда идома дода мешавад.
Ба иттилоъи Сафорат, баъд аз эълони парвозҳои махсус тариқи номнавискунӣ теъдоди муроҷиаткунандагони номнависшуда дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Новосибирск ва Екатеринбург ҳазорҳо нафарро ташкил дод:
“Аз ин ҳисоб, пеш аз ҳама, беморону маъюбон, занон бо кӯдакон, пиронсолон ва донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки бинобар сафари хизматӣ дар қаламрави Русия дармондаанд, пас аз санҷиши Комиссияи махсус барои бозгашт ба Тоҷикистон ба рӯйхат гирифта мешаванд”.
Намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Русия ба шахсоне, ки тибқи руйхат ба Тоҷикистон бармегарданд, ҷиҳати харидории билетҳо аз кассаҳои намояндагии ширкатҳои “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” телефонӣ хабар медиҳанд.
Аз ин қабл Вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод, ки бо парвозҳои махсуси ширкатҳои ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” 25 июни соли ҷорӣ 230 шаҳрванди Тоҷикистон аз Москва, 26 июн — 228 шаҳрванди кишвар аз Қазон ва 30 июн — 184 нафар аз Новосибирск ба Ватан баргаштанд.
Ба иттилоъи Вазорат, бо парвозҳои мазкур пеш аз ҳама занону кӯдакон ва беморон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар Русия дармонда буданд, оварда шуданд.
То 14 июл ҳамагӣ ташкили 8-то чунин парвозҳо пешбинӣ шудааст.