Хисороти заминларза дар Тоҷикобод муайян шуд

Shared to Facebook

Комиссияи байниидоравии расидагӣ ба паёмадҳои зилзилаи рӯзи 4-уми июл муайян кардааст, ки бар асари ин ҳолати фавқулода 26 хонаи истиқоматӣ қисман зарар дида, 85 манзили сокинон дар деҳаҳои Ғанишоб, Сафедоб, Дараи Назараки ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об, рустоҳои Себистон, Ширинчашма, Сари Най ва Полезаки ҷамоати деҳоти Ширинчашма, деҳаи дараи Нушори ҷамоати Нушор ва рустоҳои Зарафшон ва Шаҳристони ҷамоати М.Шогадоев каму беш зарар дидаанд.

Дар ин бора сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон хабар дод:

Тафтиш нишон додааст, ки манзилҳои зарардида асосан солҳои 70 – 80 асри гузашта бидуни риояи меъёрҳо ва қоидаҳои хонасозӣ бунёд шуда будаанд ва сокинон барои сохтани онҳо асосан аз воситаҳои сохтмонии маҳаллӣ истифода кардаанд.

“Дар айни замон масъалаи расонидани ёрии зарурӣ ба аҳолии зарардида ҳаллу фасл мешавад”,-омадааст дар иттилоия.

Ёдрас мекунем, ки заминларза соати 14:52 дақиқаи рӯзи 4 июл рух дод. Бино ба маълумоти Институти зилзиласанҷии Тоҷикистон, маркази ин заминларза дар 201 километрии қисмати шимолу шарқии шаҳри Душанбе, дар қаламрави ноҳияи Тоҷикобод буд. Мақомот мегӯянд, дар ин заминларза касе зарари ҷисмонӣ надид, ҳодисаи марги одамон низ ба қайд гирифта нашуд:

Барои омӯзиши вазъ ва арзёбии зарари расида ба сокинон як гурӯҳи кории байниидоравӣ муташаккил аз намояндагон ва мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Академияи илмҳо, Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистон таъсис шуд ва он аз 5 то 8-уми июли соли равон дар маҳалҳои аз заминҷунбӣ осебдидаи ноҳияи Тоҷикобод ҳолати бамаломадаро омӯхт.