Мақомот Тоҷикистон гуфтанд, дар бораи барқарорсозии парвозҳои мунтазам ба Русия иттилои дақиқ надошта, гуфтугӯ дар ин самт идома дорад. Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода дар нишасти хабарии рӯзи 27 июл гуфт, дар ҳоли ҳозир ягон давлат санаи дақиқи онро гуфта наметавонад:
“Аз ҷониби Русия ба Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон муроҷиатнома ворид гашт, ки ҷониби Русия омода аст, парвозҳои байналмилалиро миёни ду кишвар ба роҳ монад. Дар ҷавоб ба мактуби “Росавиатсия” Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон низ омодагии худро барои роҳандозии парвозҳо изҳор кард”, — гуфт ӯ.
Гуфта шуд, барои роҳандозии парвозҳои байналмилалӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия низ гуфтушунид идома дорад. Ба маълумоти ӯ, ҷониби Тоҷикистон изҳор доштааст, ки омодааст, парвозҳоро бо риояи ҳама талаботи беҳдоштӣ ба роҳ монад.
Дар ҳамин ҳол, хабар дода шуд, ки баъди беҳ шудани вазъ дар кишвар, санаи 21 июл парвози байналмилалӣ дар самти Душанбе-Дубай-Душанбе аз нав роҳандозӣ гардид. Парвозҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии “Fly Dubai” ва “Сомон Эйр” ҳафтае як маротибагӣ амалӣ карда мешаванд.