Имрӯз, 5 май дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Далер Каёсов аввалин бозиро дар Ҷоми Осиё-2026, ки дар Арабистони Саудӣ оғоз мешавад, анҷом медиҳад, хабар додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими Тайиланд неру месанҷад. Бозӣ соати 22:30 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи гурӯҳӣ наврасони тоҷик бо тимҳои Тайиланд (5 май), Мянмар (9 май) ва Арабистони Саудӣ (12 май) бозӣ мекунанд.
Акс: Федератсияи футболи Тоҷикистон




