Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода ва Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон Вираҷ Синх вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистону Ҳиндустон ва робитаҳои байнипарламентиро баррасӣ кардаанд.
Дар мулоқот, ки рӯзи 14 август баргузор гардид, таъкид шудааст, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Ҳиндустон, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо, дар навбати аввал, беҳтарсозии кори гурӯҳи дӯстии байни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Лок Сабҳаи Ҳиндустон, ҳамчунин иштироки фаъоли парламентҳои ҳар ду давлат дар татбиқи санадҳои зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон имзошуда муҳиму манфиатбор шуморида шуд, хабар дод дафтари матбуоти парламенти Тоҷикистон.
Гуфта шудааст, ҷонибҳо бояд дар доираи имкониятҳои мавҷуда, дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, махсусан омӯзиши барномаҳои муосири компютерӣ ва тарбияи кадрҳои тахассусӣ ҳамкориҳои худро ҷоннок намоянд:
“Мо ба Шумо аз номи парламент барои он кумакҳое, ки дар давоми солҳои охир ба парламент ва соҳаҳои гуногуни кишварамон расонидаед, ташаккур мегӯем. Ҳамкориҳои хуби Шуморо махсусан дар соҳаҳои ҳарбию техникӣ таъкид менамоем. Барқарорсозии сохтмони госпитали дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон ва дигар иншоотҳои барои Тоҷикистон муҳим намунаи олии ҳамкориҳои ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар мебошад.
Мо аз сатҳ ва муҳтавои муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ мекунем. Ҳамзамон таъкид менамоем, ки барои густариш ва таҳкими бештари муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар дар заминаҳои гуногун имконоти фаровони истифоданашуда ҳанӯз бисёр аст”, — изҳор доштааст Маҳмадтоҳир Зокирзода.
Дар мулоқот ҳамчунин аз раванди густариши робитаҳои сиёсию иқтисодӣ Тоҷикистону Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ карда шуда, ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, комплекси агросаноатӣ, маориф, фарҳанг ва саӣёҳӣ пешниҳодҳои судманд иброз гардидааст.
Ба гуфтаи мақомот, яке аз ҳадафҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон аст. Айни замон пояи қарордодӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро зиёда аз 70 адад созишномаю ёддоштҳои тафоҳуми байниҳукуматӣ ва соҳавӣ ташкил медиҳад.
Байни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ фаъолият дорад, ки яке аз механизмҳои асосии рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 80 ширкати ҳиндустонӣ фаъолият доранд ва дар реестри давлатӣ зиёда аз 1083 номгӯи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ сабт шудааст.
Дар ростои баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони тоҷик ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон давраҳои мухталиф дар доираи Барномаи омӯзишии ҳамкориҳои иқтисодӣ (ITEC) ва Шӯрои муносибатҳои фарҳангии Ҳиндустон (ICCR) дар Ҳиндустон гузаронида мешаванд.