Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Таиланд

Shared to Facebook Shared to Max

30 апрели соли 2026 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Таиланд Сихасак Пхуангкеткеоу суҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи байни ду кишвар дар самтҳои мухталиф, масъалаҳои минтақавӣ ва масоили дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.

➡️Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон