Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро номзади худ дар интихоботи президентии моҳи октябр пешбарӣ кард.
Анҷумани ХХII Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон — Федератсияи иттифоқҳои мустақили Тоҷикистон рӯзи 26 август дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Пешбарии номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони анҷуман бо овоздиҳии якдилона ҷониӣдорӣ карданд, хабар дод АМИТ “Ховар”.
“Раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Одиназода, собиқадори иттифоқҳои касаба Муродалӣ Солеҳов, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода оид ба хидматҳои арзишманд ва беназири Пешвои миллат, махсусан дар барқарорсозии ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, бунёдкорию созандагӣ дар ҳамаи самтҳои ҳаёти мамлакат, роҷеъ ба фазилатҳо ва сифатҳои наҷиби Сарвари давлат чун садоқати беандоза ба Ватан ва муҳаббати самимона ба халқи худ, ғамхорию меҳрубонӣ дар ҳаққи ятимону бечорагон, бепарасторону маъюбон, оилаҳои ҷавону ниёзманд, дастгирии соҳибкорон ва ғайра суханронӣ намуданд”, — омадааст дар хабар.
Ҳамакнун Эмомалӣ Раҳмон панҷумин номзад аст, ки дар интихоботи дарпешистода ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ пешниҳод шудаанд.
Қаблан Ҳизби демократи Тоҷикистон раиси ин ҳизб ва вакили Маҷлиси намояндагон Саидҷаъфар Усмонзода, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон раисаш Абдуҳалим Fаффоров, Ҳизби аграрии Тоҷикистон раиси ин ҳизб Рустам Латифзода ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон раисаш Рустам Раҳматзодаро ҳамчун номзад ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.
Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки роҳбарии онро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад, анҷумани худро аввалҳои моҳи сентябр баргузор намуда, номзади худро пешбарӣ мекунад.
Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зоиров гуфтааст, дар интихоботи президентӣ ширкат намеварзад.
Ёдрас мекунем, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11 октябри соли 2020 баргузор мешавад.