9–10 апрели соли 2026 дар Тоҷикистон бори аввал санҷишҳои тахассусӣ барои ҳуқуқи пӯшидани кулоҳи краповӣ — рамзе, ки сатҳи олии омодагӣ ва ҷасорати ҷанговарони воҳидҳои махсусро ифода менамояд, баргузор гардид, хабар медиҳад «Садои Осиёи Марказӣ» (Голос Центральной Азии).
Ин чорабинӣ барои низоми Қӯшунҳои дохилии ВКД як рӯйдоди муҳим гардид ва сатҳи нави талаботи касбиро муқаррар намуд.
Санҷишҳо таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Рамазон Раҳимзода ва фармондеҳи Қӯшунҳои дохилӣ генерал-майор Сухроб Рауфзода — ташаббускор ва муаллифи ғояи лоиҳа баргузор гардиданд.
Аз зиёда аз 270 довталаб танҳо 150 нафар аз марҳилаи интихоби пешакӣ гузашта, ба қисми асосӣ роҳ ёфтанд.
Барномаи санҷишҳо ба шароити воқеии ҷангӣ наздик буд.
Иштирокчиён масофаи 10-километраро дар кӯҳистон бо таҷҳизоти пурра тай намуда, монеаҳоро паси сар карданд, дар ҳолати хастагии ҷисмонӣ тирпаронӣ анҷом доданд ва марҳилаи ниҳоӣ — ҷанги тан ба танро иҷро намуданд.
Маҳз ин марҳила ҳалкунанда гардид: баъд аз сарбории вазнини ҷисмонӣ хизматчиёни ҳарбӣ на танҳо омодагӣ, балки ирода ва устувории хешро низ нишон доданд.
Дар натиҷа танҳо 27 нафар ҳуқуқи пӯшидани кулоҳи краповиро соҳиб гардиданд.
«Ин танҳо як ҷузъи либос нест, балки нишонаи сатҳи олии омодагии касбӣ мебошад», — гуфт Сухроб Рауфзода ва афзуд, ки натиҷаҳои бадастомада барои такмили минбаъдаи низоми омодасозӣ замина мегузоранд.
Бо мақсади таъмини шаффофият дар раванди санҷишҳо нозирон аз ВКД Ҷумҳурии Беларус даъват шуданд. Онҳо сатҳи баланди ташкилот, интизом ва душвории шароитро баланд арзёбӣ намуданд ва махсусан релефи кӯҳӣ ва омилҳои обу ҳаворо қайд намуданд.
Ба гуфтаи онҳо, ин формат ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ буда, имкон медиҳад омодагии ҷанговарон ба таври воқеӣ баҳогузорӣ карда шавад.
Баргузории ин санҷишҳо ба 33-юмин солгарди Қӯшунҳои дохилӣ ва Рӯзи Қӯшунҳои дохилии ВКД Тоҷикистон, ки 10 апрел таҷлил мешавад, бахшида шуд.
Эълон шудааст, ки дар оянда чунин имтиҳонҳо ду маротиба дар як сол — баҳор ва тирамоҳ баргузор гарданд.
Чорабинӣ бо ҷамъомади тантанавӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе анҷом ёфт.
Рамазон Раҳимзода таъкид намуд, ки Қӯшунҳои дохилӣ ҳамчун «сипари боэътимоди давлат» боқӣ мемонанд ва соҳибони кулоҳи краповӣ таҷассумгари марҳилаи нави рушди сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд..
Акс: Раёсати Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон







