Дар зиндонҳои Тоҷикистон ягон ҳолати марги маҳбусон аз бемории коронавирус сабт нашуда, 11 нафар аз илтиҳоби шуш фавтидаанд. Дар ин бора вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дар нишасти матбуотии рӯзи 1 феврал хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар маҳбасҳо тамоми қоидаҳои беҳдоштӣ риоя шуда, аз рӯзи аввали пайдо шудани беморӣ тамоми қоидаҳо, истифодаи маҳлулҳои зиддисироятӣ риоя ва як муддати муайян дидорбинии онҳо бо наздиконашон манъ шуд:
“Ҳамаи ин талошҳо барои ин буд, ки шароити нигаҳдории маҳбусон ба сатҳи стандарти байналмилалӣ баробар нест ва мо кӯшиш кардем, сироят ҳар қадар кам бошад”, — изҳор дошт вазир.
Вай афзуд, маҳбусон аз ташхиси сартосарии коронавирус гузаронида нашуданд, вале дар ҳолатҳои пайдо шудани шубҳа ташхис мегирифтанд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати аддия, соли 2020 барои Тоҷикистон соли фалокатбор будааст: дар ин сол дар ҷумҳурӣ 41 693 нафар фавтидаанд, ки 8 ҳазору 643 кас зиёдтар нисбат ба соли 2019 мебошад.
Мақомот сабаби чунин босуръат болоравии ҳодисаҳои фавтро дар кишвар шарҳ надоданд, вале ба гуфтаи сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия Саодатбибӣ Сироҷзода, аз ҳама бештар фавт аз бемории қалб ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи маълумоти Вазорати адлия, соли гузашта дар ҷумҳурӣ наздики 67 ҳазор ақди никоҳ сабт шудааст, ки 2,5 ҳазор камтар нисбат ба соли 2019 аст.
Соли гузашта дар кишвар расман ҳудуди 10,5 ҳазор ҳолатҳои азҳампошии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки 2,5 ҳазор камтар нисбат ба соли 2019 мебошад.
Соли 2020 зиёда аз 19,8 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар ному насаб ва номи хонаводагии худро иваз кардаанд. Як сол пештар (соли 2019) ин рақам ба 40,5 ҳазор нафар баробар буд.