Ароқчӣ: Эрон ҳамлаи заминии ИМА-ро интизор аст – ин барои Вашингтон фалокат хоҳад буд

Shared to Facebook Shared to Max

Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ароқчӣ гуфтааст, Эрон ҳамлаи заминии ИМА-ро интизор аст – ин барои Вашингтон фалокат хоҳад буд.

Вай дар мусоҳиба бо NBC гуфтааст, ки Теҳрон аз ҳамлаи заминии ИМА наметарсад, балки онро интизор аст. Ба гуфтаи ӯ, ин барои амрикоиҳо фалокат хоҳад буд.

Ӯ ҳамзамон таъкид кардааст, ки Эрон қасди ҳамла ба қаламрави ИМА-ро надорад.

Арокчӣ гуфтааст, Теҳрон оташбас дархост намекунад ва дар шароити кунунӣ сабабе барои музокирот бо Вашингтон намебинад.

Ба гуфтаи вазир, низоми сиёсии Эрон сарфи назар аз кӯштори роҳбари олӣ “хеле хуб кор мекунад”.

Ароқчӣ ҳамчунин изҳор доштааст, ки имкони созишномаи ҳастаӣ аз сабаби амалҳои ИМА аз даст рафтааст.