WSJ: СММ ба муфлисшавӣ рӯбарӯст – бо сабаби таъхири пардохтҳои ИМА ва Чин

Shared to Facebook Shared to Max

Бино ба гузоришҳо, Созмони Милали Муттаҳид ба мушкилоти ҷиддии молиявӣ дучор шудааст. Сабаби асосии ин вазъ таъхир дар пардохти саҳмияҳои ду донори бузурги созмон – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Чин, ҳамчунин, коҳиши маблағгузорӣ аз сӯйи кишварҳои дигар арзёбӣ мешавад.

Рӯзномаи The Wall Street Journal рӯзи 29 май навишт, ки ИМА аз СММ беш аз 4 миллиард доллар қарздор аст. Чин низ, бо вуҷуди он ки чанде пеш ҳангоми сафари вазири корҳои хориҷии ин кишвар Ван И ба қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк тақрибан 850 миллион доллар пардохт кард, ҳанӯз тақрибан 455 миллион доллари дигар қарздор боқӣ мондааст.

Мақомоти Чин бо зикри нақши муҳими худ дар дастгирии фаъолияти СММ таъкид кардаанд, ки ҳамаи уҳдадориҳои молиявии худро иҷро мекунанд.

Дар навбати худ, Вашингтон идомаи маблағгузориро ба гузаронидани ислоҳот ва коҳиши хароҷоти созмон вобаста медонад. Аз ҷумла, пешниҳод шудааст, ки шумораи кормандон кам карда ва хароҷоти сафарҳои хизматӣ бо дараҷаи бизнес коҳиш ёбад.

Ҳамзамон, як қатор кишварҳои дигари донор маблағгузории худро коҳиш додаанд. Аз ҷумла, Британияи Кабир ва Олмон маблағҳои ҷудошавандаро барои барномаҳои башардӯстона дар самти мубориза бо гуруснагӣ ва бемориҳо кам кардаанд. Коҳиши саҳми Шведсия ва Нидерланд бошад, ба тағйироти сиёсӣ дар ин кишварҳо рабт дода мешавад.

Тавре нашрияи Deutsche Welle менависад, дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ҳанӯз моҳи октябри соли 2025 аз эҳтимоли буҳрони молиявӣ дар созмон ҳушдор дода буд. Ба арзёбии коршиносон, захираҳои мавҷуда шояд танҳо то миёнаҳои моҳи август кофӣ бошанд.

Дар пайи камбуди маблағ, СММ аллакай ба сарфакорӣ рӯ овардааст. Созмон фаъолияти баъзе воҳидҳои худро қатъ карда, тақрибан се ҳазор ҷойи кориро дар котибот ихтисор намудааст. Илова бар ин, бастҳои кории тарҷумонҳо коҳиш ёфта, дар баъзе идораҳо эскалаторҳо хомӯш карда шудаанд ва таъмири бинои қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шудааст.

Мушкилоти молиявӣ ба амалиёти посдорони сулҳ низ таъсир расондааст. СММ хуруҷи нерӯҳои худро аз баъзе минтақаҳои низоъ дар Африқо суръат бахшида, хароҷоти амалиёти ҳифзи сулҳро кам кардааст. Ҳамчунин, пардохтҳо ба Непал, Бангладеш ва дигар кишварҳое, ки барои ҳайати “кулоҳҳои кабуд” низомиён пешниҳод мекунанд, ба таъхир афтодаанд.

Ба навиштаи The Wall Street Journal, имконоти СММ барои бартараф кардани буҳрон маҳдуданд. Созмон ҳаққи гирифтани қарзро надорад ва роҳбарияти он низ барои таҷдиди сохтор ё коҳиши шумораи кормандон салоҳияти маҳдуд дорад. Дар ҳоле ки тақрибан 70 дарсади хароҷоти СММ ба пардохти маоши кормандон рост меояд, ҳатто чораҳои нисбатан хурди сарфакорӣ низ баъзан бо муқовимати давлатҳои узв ва дипломатҳо рӯ ба рӯ мешаванд.