Имсол Наврӯз дар Тоҷикистон 20-уми март фаро мерасад

Shared to Facebook Shared to Max

Тибқи ҳисобҳои астрономӣ, имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20-уми март, соати 19:45:53 ба вақти Душанбе фаро мерасад. Дар ин бора директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Анвар Бӯризода хабар додааст.

“Маҳз дар ҳамин лаҳза маркази қурси Офтоб дар ҳаракати зоҳирии худ аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад ва нуқтаи буриши масири Офтоб (эклиптика, доират-у-лбуруҷ) ва хати истивои осмон (экватор)-ро нуқтаи эътидоли баҳорӣ меноманд”, — изҳор доштааст ӯ.

Бӯризода бо пешниҳоди акси поин ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ки он “тавассути барномаи Stellarium сохта ва дар он мавқеи Офтоб ба ҳолати лаҳзаи фарорасии Наврӯз нишон дода шудааст. Дар акс дида мешавад, ки Офтоб дар нуқтаи эътидол ва нуқтаи буриши хати истивои осмон ва доират-у-лбуруҷ қарор дорад”.