“Ба ҳамсоягони Афғонистон таваҷҷӯҳ намекунанд”: Сипоси Сийярто ба ҳукумати Тоҷикистон ва интиқод аз сиёсати Иттиҳоди Аврупо дар масъалаи Афғонистон

Shared to Facebook

Вазири корҳои хориҷӣ ва савдои берунии Венгрия Петер Сийярто аз ҳукумати Тоҷикистон барои “баста нигоҳ доштани марз бо Афғонистон” изҳори сипос кардааст. Вай гуфтааст, бо вуҷуди фишорҳои созмонҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон марзи худро барои паноҳандагони афғон боз накард ва ба ин васила “аз эҷоди як нуқтаи нави муҳоҷират ба Аврупо ҷилавгирӣ намуд”.

Дар ин бора бахши форсии Би-би-си хабар дод.

Вазири корҳои хориҷӣ ва савдои берунии Венгрия Петер Сийярто, ки барои ширкат дар конфронси минтақавии Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон сафар карда буд, рӯзи 20 октябр дар Душанбе бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот кард.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки дар ин мулоқот мавзӯъҳои мубрами дуҷониба, минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар қолабҳои бисёрҷониба баррасӣ шуд. 

Ҳамсуҳбатон нақши абзорҳои мавҷудаи муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Венгрия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷиро дар тавсеаю таҳкими ҳамкории гуногунҷабҳаи ду кишвар муҳим арзёбӣ кардаанд:

“Дар рафти мулоқот ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, вазъи мураккабу пурпечутоби Афғонистон ва мубориза бар зидди таҳдидҳои муосир таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид”, — хабар дод Вазорат.

Ҳамчунин, вазирон лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи такмили ихтисоси кормандони хизмати дипломатӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва савдои Венгрияро ба имзо расонидаанд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба хабарнигорон гуфт, дар баробари дигар мавзӯъҳо, ҳамчунин, зимни мулоқот бо Петер Сийярто ба масъалаи амнияти минтақаӣ, аз ҷумла вазъи мураккабу пурпечутоби Афғонистон, ки имрӯзҳо дар остонаи фоҷиаи гуманитарӣ ва буҳрони муҳоҷиратӣ қарор дорад, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Петер Сийярто ҳам ба хабарнигорон гуфт, таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, дар меҳвари гуфтугӯ бо Сироҷиддин Муҳриддин қарор дошт:

“Хеле муҳим аст, ки Осиёи Марказӣ ба доми терроризм наафтад ва мавҷи нави муҳоҷират аз минтақа ба Аврупо пешгирӣ карда шавад”, — гуфтааст вай.

Вазири корҳои хориҷии Венгрия аз сиёсати Иттиҳоди Аврупо нисбат ба Афғонистон ва ҳамсоягонаш бошиддат интиқод кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел монеъи ворид кардани масъалаи “муқаррар кардани квота барои паноҳҷӯён” дар кишварҳои мухталиф шуданд.

Вай ҳамчунин аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо интиқод кард, ки “ба ҳамсоягони Афғонистон таваҷҷӯҳ намекунанд”.

Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Венгрия, “қарордодҳои бунёдӣ бояд хеле зуд ва муассир гирифта шаванд, то аз вуруди мавҷи нави паноҳҷӯён аз Осиёи Марказӣ ба Аврупо ҷилавгирӣ шавад”.

Вай ба аҳамияти ҳамкориҳои ҷиддӣ ва назаррас бо ҳамсоякишварҳои Афғонистон таъкид кард, то онҳо тавонанд марзи худро мустаҳкам кунанд.

Дар айни замон вай таъкид кард, ки кишварҳои аврупоӣ бояд кумаки 20 миллион долларии худро барои таҳкими марзҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон “дучанд” кунанд ва ин маблағ бояд ҳарчӣ зудтар ба ҳамсоягони Афғонистон расонида шавад.