Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи гузашта як қатор кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъул дар сохторҳои Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати маориф ва илм, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, намояндагиҳои Тоҷикистон дар назди созмонҳои байналмилалӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва сохторҳои низомӣ таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтаанд.
Тибқи қарори Ҳукумати Тоҷикистон, Мусозода Зайдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон озод гардид.
Музаффарзода Дилшод Музаффар низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуд.
Ҳамчунин, Зуҳурзода Саид Холаҳмад бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон озод гардид.
Бо қарори дигар, Аҳмадзода Орзу Ҳусейн аз вазифаи муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон озод гардида, сардори Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатии ҳамин Кумита таъин гардид.
Шерализода Шараф Аҳмадҷон низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон озод гардид.
Назирӣ Латофат Қаҳор бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, ба ҷойи ӯ дар ин вазифа Fанизода Гулчеҳра Самӣ таъин шуд.
Бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон, Имомӣ Содиқ Ашурбойзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Давлати Исроил ва Маҳмадаминов Маҳмадамин Бозичаевич низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид озод карда шуданд.
Имомӣ Содиқ Ашурбойзода, Шерализода Шараф Аҳмадҷон ва Салим Фарҳод муовинҳои Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин карда шуданд.
Бо фармони дигар, Ҳикмат Ҷонибек Исмоил Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид таъин карда шуд.
Давлатзода Муродулло Исмат бинобар сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи директори муассисаи давлатии “Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” озод карда шуда, ба ҷойи ӯ ба ин вазифа Холиқзода Абдураҳим Fафор таъин гардид.
Мирзо Хуршед Файзуллозода муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва Зуҳурзода Саид Холаҳмад муовини Раиси ин Кумита таъин карда шуданд.
Қурбонзода Сафаралӣ Нуралӣ муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ва Солеҳзода Ширин Буҳор муовини сардори ҳам Хадамот таъин гардиданд.
Раҳимзода Сайфидин Исмон муовини якуми директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” таъин шуд.
Бино ба гузориши Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, зимни мулоқот Президенти кишвар аз вазъи имрӯзаи мураккабу печидаи сиёсиву иқтисодии ҷомеаи ҷаҳонӣ, пешгирии паҳншавии ақидаҳои ифротгароёна ва тағирёбии иқлим ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъиншуда бо донишу маҳорати касбӣ ва таҷрибаи андӯхтаашон метавонанд дар татбиқи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҳимояи манфиатҳои миллӣ мусоидат намоянд:
“Сардори давлат дастур доданд, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ поквиҷдонона ва бо садоқат ба арзишҳои миллӣ муносибат намуда, баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат кӯшиш намоянд ва манфиатҳои давлату миллатро аз дигар манфиатҳо боло гузоранд”, — омадааст дар хабар.
“Бо ҳисси баланди масъулият, содиқона ва поквиҷдонона хизмат кардан ба халқу Ватани худ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии давлатӣ ба ҳисоб меравад”, – таъкид кардаанд Президент.