Боздошти ду сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо 58 кг мухаддирот

Shared to Facebook Shared to Max

Мақомоти амнияти Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ду аъзои гурӯҳи нашъаҷаллобро дастгир кардаанд. Аз онҳо 58 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш, афюн ва героин мусодира карда шудааст. Ба иттилоъи мақомот, маводи мухаддирро қочоқбарони афғонистонӣ тавассути сарҳади давлатӣ ба Тоҷикистон ворид кардаанд.

Дар гузориши Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ), ки рӯзи 18-уми феврал тавассути Телевизиони Тоҷикистон пахш гардид, гуфта шуд, “гумонбарон мехостаанд, маводи мухаддирро ба шаҳри Душанбе ва сипас тавассути шарикони худ ба кишварҳои хориҷа интиқол диҳанд”.

Аз дастгиршудаҳо Ғуломалӣ Собирови 57-сола ва Сайфулло Сайфуллоеви 55-сола, сокинони деҳаи Кишти ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ном бурда шуд. Ба иттилоъи мақомот, онҳо маводи нашъадорро аз махфигоҳ дастрас карда, дар пинҳонгоҳи мошинашон ҷобаҷо кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, аз боздошшудаҳо 30 кг маводи мухаддири навъи афюн, 19 кг ҳашиш ва 9 кг героин, дар умум, 58 кг маводи нашъаддор дарёфту мусодира карда шуд.  

Тавре гуфта шуд, қочоқбарони афғон хатти сарҳади давлатиро дар самти деҳаи Кишт ғайриқонунӣ убур карда ва маводи мухаддирро интиқол дода, онро дар махфигоҳ пинҳон намуданд.

Ҳарду гумонбар иттиҳомоти алайҳашон эълоншударо қабул карда, раванди қоҷоқу муомилоти маводи нашъадорро гуфтаанд:

“Аз махфигоҳи махсус, ки шаҳрвандони Афғонистон маводи мухаддирро оварда мемонданд, аз онҷо гирифта ба хонаҳои худ оварда, дар махфигоҳи мошинҳоямон ҷойгир кардем. Як соат нагузашта, кормандони мақомоти амният омада моро дастгир карданд”,-гуфт Сайфулло Сайфуллоев, яке аз ин дастгиршудаҳо.

Ба иттилоъи мақомот, нисбат ба дастгиршудаҳо бо иттиҳоми “муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ…”, “қочоқ” ва  “ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳади давлатии Тоҷикистон” (моддаи 200, қисми 4, банди “д”, моддаи 289, қисми 3 ва моддаи 335, қисми 1-и  КҶ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Тибқи ин бандҳои қонунгузорӣ, ба гумонбарон дар алоҳидагӣ то 20 соли зиндон ҷазо таҳдид мекунад.