12 май дар Сиани Чин бо ташаббуси ҷониби чинӣ нишасти дуюми вазирони корҳои хориҷӣ дар сиғаи “Осиёи Марказӣ ва Чин” баргузор гардид.
“Дар мулоқот роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо ҳамагирии Ковид-19, барқарорсозии иқтисодиёт, ҳифзи амнияти минтақавӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд”, — хабар доданд аз ВКХ Тоҷикистон.
Дар ин мулоқот Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин гуфтааст, дар заминаи паҳншавии сирояти нави коронавирус ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти ҷиддии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дучор шуд:
“Шароити баамаломада водор месозад, ки дар чаҳорчӯби абзори “Осиёи Марказӣ ва Чин” бобати вокуниши муштараки башардӯстона ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба оқибатҳои ҳамагирӣ тадбирҳои амалӣ андешида шаванд”, — гуфтааст ӯ.
Аз ин лиҳоз, Сироҷиддин Муҳриддин кишварҳои узви абзорро даъват кардааст, ки дар мубориза бо оқибатҳои ҳамагирӣ бо истифода аз тамоми захираҳо ва имконоти мавҷуда муттаҳид шаванд.
Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Ҳукумати Чин барои мусоидати саривақтӣ дар мубориза бо Ковид-19 изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии худро барои бо кӯшишҳои муштарак решакан кардани сирояти коронавирус дар Чин ва Осиёи Марказӣ таъйид карданд.
Сироҷиддин Муҳриддин дар робита ба масъалаҳои рушди баъдии ҳамкориҳои минтақаӣ зикр кардааст, ки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сармоягузорӣ, энергетика, саноат ва кишоварзӣ, инчунин дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия густариш додан зарур мебошад:
“Ҷонибҳо бо дарназардошти аҳаммияти ҳамкориҳои кишварҳои минтақа дар соҳаи амният, бар зарурати пойдории сулҳу суботи устувор дар Афғонистон, ки омили асосии таъмини амният дар минтақа мебошад ва додани авлавият ба ин кишвар дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва барқарорсозии иқтисодӣ таъкид карданд”, — хабар дод манбаъ.
Дар поёни ин чорабинӣ вазирони корҳои хориҷӣ Изҳороти муштараки нишасти дуюми вазирони корҳои хориҷии “Осиёи Марказӣ ва Чин” дар бораи таҳкими баъдии ҳамкориҳои байниминтақавӣ, Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси сиғаи вохӯриҳои вазирони корҳои хориҷии “Осиёи Марказӣ ва Чин”, Изҳороти муштараки нишасти дуюми вазирони корҳои хориҷии “Осиёи Марказӣ ва Чин” дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо Ковид-19 ва Изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷии “Осиёи Марказӣ ва Чин” оид ба Афғонистонро қабул карданд.