Дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ хонум Тсзоу Ҷиайи дурнамои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ ва шаҳрӣ, идоракунии захираҳои об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, рақамикунӣ ва баланд бардоштани самароварии энергетикӣ баррасӣ шудаанд. Ба иттилоъи хадамоти матбуоти Сарвари давлат, ин мулоқот рӯзи 14 феврал дар Душанбе баргузор шуд.

Зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи кунунии ҳамкорӣ ва саҳми Бонк дар татбиқи самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон баҳои баланд дода, ба роҳбарияти он арзи сипос намудаанд.
Таъкид гардидааст, ки Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ яке аз шарикони муҳими кишвари мо дар самти ташаккули инфрасохтори муосир ва пешбурди рӯзномаи рушди устувор, ҳамчунин, иқтисоди “сабз” мебошад.
Ба раванди татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, аз ҷумла лоиҳаи сохтмони неругоҳи Роғун ва идомаи таҷдиди неругоҳи Норак таваҷҷуҳи хос зоҳир гардидааст. Ҳамчунин, дурнамои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ ва шаҳрӣ, идоракунии захираҳои об, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, рақамикунонӣ ва баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ҷалби маблағгузории дарозмуддат, такмили механизмҳои татбиқи лоиҳаҳо ва таҳкими иқтидори институтсионалӣ зарур дониста шудааст.
Омодагии худро ба таҳкими ҳамкории дарозмуддати судманд таъкид намуда, ҷонибҳо изҳори итминон кардаанд, ки мувофиқаҳои ҳосилшуда ба рушди минбаъдаи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ такони нав мебахшад.
Пас аз мулоқот Ҷиайи ба хабарнигорон гуфтааст, ки Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ барномаҳои миллӣ ва минтақавии рушди Тоҷикистонро дастгирӣ карда, мехоҳад дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок саҳмгузор бошад.
Ҳамчунин ӯ таъкид кардааст, ки Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ омода аст ҳамкориро дар соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла таъмини амнияти энергетикӣ, пайвастагии инфрасохтории минтақавӣ, идоракунии захираҳои об ва рушди инфрасохтори шаҳрӣ ба манфиати аҳолӣ густариш диҳад.
Ба навиштаи хабаргузории “Ховар” Ҷиайи нақша дорад аз майдони сохтмони НБО-и “Роғун” боздид намояд, то аз рафти татбиқи лоиҳа аз наздик шинос шуда, ҳамзамон имкониятҳои роҳандозии лоиҳаҳои нави инфрасохториро дар ҳамкорӣ бо ҷониби Тоҷикистон баррасӣ кунад.




