Фонди Абу Дабӣ оид ба рушд барои идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии “Роғун” 100 миллион доллар ҷудо мекунад. Дар ин бора Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дод.
Созишномаи дахлдорро рӯзи 4 феврал Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Директори генералии Фонди Абу Дабӣ оид ба рушд Муҳаммад Сайф Ал Сувайдӣ дар Дубай имзо кардаанд.
Бино ба иттилоияи Вазорат, ҳадафи асосии маблағи ин созишнома пешбурди корҳои сохтмонӣ ва инфрасохторӣ дар Лоти 2-и Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аст.




