Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон изҳороти Комиссияҳои давлатӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлати ҳарду кишвар дар бораи ҳодисаи рӯзи 4 июн дар сарҳадро нашр карданд. Бино бар ин санад, ки рӯзи 5-уми июн имзо шудааст, ду ҷониб гуфтаанд, мушкилро бо роҳи сулҳомез ҳал мекунанд.
Зери изҳорот аз ҷониби Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва аз ҷониби Қирғизистон Қамчибек Тошиев имзо гузоштаанд.
Вохӯрии кории Комиссияҳои давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ рӯзи 5 июн дар минтақаи Сарҳади давлатӣ (нуқтаи сарҳадии №12/9, минтақаи “Қарамиқ”) баргузор шудааст.
Гуфта шуд, вазъи мураккаби дар минтақаи мазкури Сарҳади давлатӣ бавуҷудомада бо роҳи сулҳомез ҳал гардида, ҷонибҳо дар доираи масъалаҳои зерин протокол ба имзо расониданд:
— Постгоҳҳои сарҳадӣ аз ҳарду ҷониб ба масофаи 3 километр ба дохили қаламрави Тарафҳо кӯчонида шаванд.
— Неруҳои низомӣ, таҷҳизоти ҳарбӣ ба макони қарордошти доимӣ баргардонида шуда, танҳо нарядҳои доимии сарҳадӣ боқӣ монанд.
— Дар хусуси истифодаи чарогоҳҳо дар ин минтақа қарор қабул гардид.
— Ҳар як амал дар Сарҳади давлатӣ бояд қаблан бо Раисони Комиссияи Тарафҳо ҳамоҳанг карда шавад.
— Нарядҳои сарҳадӣ тартиби муқарраргардидаи рафтори худро риоя намоянд.
— Дар воситаҳои ахбори омма танҳо иттилооти байни Тарафҳо ҳамоҳангшуда ва тибқи протоколҳои қаблан имзошуда паҳн гардад.
— Ба роҳбарони гурӯҳҳои кории топографии Тарафҳо супориш дода шуд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин нишонагузории қисмати Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро аз нуқтаи сарҳадии №12/2 то нуқтаи сарҳадии №12/9 ба итмом расонанд.
— Тарафҳо дар байни сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.
— Тарафҳо дар хусуси риояи қатъии бандҳои протоколи мазкур ба мувофиқа расиданд.