Рӯзи 19 июн дар ҳошияи Форуми дипломатии Анталия мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷаи Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф доир шудааст:
“Дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ гардиданд”, — хабар дод манбаъ.
Инчунин, зарурати татбиқи тавофуқоти ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон, ки 7-8 июни имсол дар Душанбе баргузор гардида буд, таъкид шудааст.