Шодбоши Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Олмон

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер дар робита ба аз нав интихоб шуданаш ба ин вазифа барқияи шодбошӣ ирсол намудаанд.

Дар ин барқия, ки онро Хадамоти матбуотии Сарвари давлат нашр кард, аз муносибатҳои байнидавлатии кишварҳо, ки то имрӯз ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои нави созанда пайдо кардаанд, изҳори қаноатмандӣ карда шудааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Шуморо ба муносибати муҷаддадан интихоб гардиданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон самимона табрик ва таҳният мегӯям.

Боиси қаноатмандист, ки муносибатҳои байнидавлатии кишварҳоямон то имрӯз ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои нави созанда пайдо кардаанд.

Таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунарсаи судманд бо Олмон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад ва мо ба рушди пайвастаи онҳо дар соҳаҳои мухталифи мавриди эҳтимоми тарафайн таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем.

Бо истифода аз фурсат изҳори умед менамоям, ки ба роҳ мондани мулоқоту тамосҳои сатҳи олии ду ҷониб ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав боло бурдани равобити неки кишварҳоямон мусоидати ҷиддӣ хоҳад кард.

Ҷониби Тоҷикистон барои тақвияти ҳарчӣ бештари ин муносибатҳо саъю кӯшиши заруриро ба харҷ хоҳад дод.

Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатии комилу дар масири иҷрои вазифаҳои пурмасъулият пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсти Олмон – сулҳу амонӣ ва пешрафту саодат орзумандам”, — омадааст дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Олмон.

Рӯзи якшанбе Маҷлиси федеролии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер аз Ҳизби сотсиал-демократро барои давраи дуввум ба муҳлати панҷ сол президент интихоб кард. Бино ба гузориши матбуоти Олмон, Ба ҷонибдорӣ аз вай аксари аъзои Маҷлиси федералӣ раъй доданд. Вакилони маҷлис — ниҳоди махсуси конститутсионӣ, ки барои интихоби президент ҷамъ меояд, 1472 нафар буда, ба Штайнмайер 1045 кас овоз додаанд. Бори аввал мощи марти соли 2017 Президенти Олмон интихоб шуд.