20-уми январ дар маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши кормандзанони ВКД таҳти унвони «Паём — роҳнамои зан дар ҷомеа» баргузор гардид, иттилоъ додааст Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҳамоиш муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Нозим Иброҳимзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Мадина Раҳмат, муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рӯдобаи Мукаррам, ходими барҷастаи сиёсиву давлатӣ Хайринисо Юсуфӣ, собиқадори меҳнат Гулҷаҳон Бобосодиқова ва раиси Ассотсиатсияи Шурои занони ВКД, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, полковники милитсия Азиза Давлатшозода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қабл аз оғози ҳамоиш меҳмонон аз намоиши китобу маҷаллаҳо ва дастурамалҳои соҳавии ВКД-Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, бо фаъолияти кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ шинос шуданд.
Чорабинӣ бо суханронии муовини Вазири корҳои дохилӣ Нозим Иброҳимзода ифтитоҳ гардид. Мавсуф доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ибрози андеша намуд.
Раиси Ассотсиатсияи Шурои занони ВКД Азиза Давлатшозода таъкид намуд, ки баргузории ин ҳамоиш дар партави Паёми Пешвои миллат гувоҳи равшани садоқат, ифтихори миллӣ ва ватандӯстии бонувони мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.
Инчунин меҳмонон дар мавзуъҳои марбут ба барномаҳои давлатӣ оид ба мақоми зан дар ҷомеа, нақши занон дар мақомоти корҳои дохилӣ, истиқлол ва паёмҳои Пешвои миллат баромад карданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш курсантони Академияи ВКД ашъор аз манзумаи «Илҳом аз Паём»-и Ниҳонӣ, шеърҳо дар мавзуи ватандӯстӣ ва порчаҳо аз «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ қироат намуданд. Дар анҷоми чорабинӣ ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
Тоҷиддин Латипов
АКС:Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон









