Рӯзҳои 12-17 июл дар шаҳри Бишкек вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардидааст:
“Дар поёни вохӯрӣ протоколи дахлдор имзо шуда, тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки вохӯрии навбатӣ дар Тоҷикистон баргузор гардад”, — хабар доданд аз ВКХ Тоҷикистон.