Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: Ҳамбастагии минтақавӣ – чолишҳо ва имкониятҳо” бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Шайх Аҳмад Носир ал-Муҳаммад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ мулоқот намудааст:
Тибқи хабари ВКХ Тоҷикистон, дар мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Кувайт дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла мубориза аллайҳи терроризму ифротгароӣ, таҳкими амният, сулҳу субот дар минтақа ва вазъи кунунии Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати густариш додани робитаҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ ва СҲИ изҳор намудаанд.