Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо харҷи 570 ҳазор доллар як посгоҳи марзиро дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон таъмиру бозсозӣ карда, ба Қӯшунҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон супоридааст.
Дар маросими ба истифода додани посгоҳ, ки рӯзи 30-юми июл баргузор шуд, кордори сафорати ИМА Ҷон Гинкел ва муовини Фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон полковник Саодатзода Раҷаб ширкат варзиданд:
“Ин посгоҳи марзӣ, ки бо маблағи 570 ҳазор доллар таъмиру бозсозӣ шудааст, барои нерӯҳои марзбонӣ имконоти иловагӣ барои назорат ва посбонии марз бо Афғонистонро дар минтақаи Шаҳритуси вилояти Хатлон фароҳам меорад. Иншооти мазкур иқтидори нерӯҳои сарҳадиро барои пайгирӣ ва пешгирии вайронкунии марзҳо (тақрибан 15-20 километр) ва муқовимат бо таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, қочоқ ва ифротгароии зӯроварӣ, ба таври назаррас баланд мебардорад”, — гуфт Сафорати ИМА дар як иттилоия.
Таъкид шудааст, ки Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон ҷонибдори шарикӣ бо Тоҷикистон, барои дастгирии соҳибихтиёрӣ, амният ва нақши он дар ҳифзи сулҳ ва шукуфоии дарозмуддат дар Афғонистон мебошад. Аз соли 2007 инҷониб Барномаи мубориза бар зидди маводи мухаддири Дафтари ҳамкориҳои ҳарбӣ ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 155 миллион доллар, аз ҷумла, барои таҷдид ё сохтмони якчанд посгоҳҳои марзӣ, кумак расонидааст.
Иёлоти Муттаҳида дар тӯли 30 соли ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, тавассути барномаҳое, ки бахши хусусӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, ниҳодҳои демократӣ ва амнияти Тоҷикистонро дастгирӣ мекунанд, ба маблағи беш аз 1,8 миллиард доллар кумак кардааст.