ICB бо ҷоизаҳои Visa қадрдонӣ шуд

Shared to Facebook Shared to Max

Тибқи натиҷаҳои сол, Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) барои татбиқи муваффақонаи ташаббусҳои стратегӣ ва технологӣ дар самти маҳсулоти кортӣ ва пардохтҳои рақамӣ бо як қатор ҷоизаҳои Visa қадрдонӣ гардид.

• Visa Infinite Card Launch— барои ба роҳ мондани корти премиалии Visa Infinite ва рушди сегменти premium.

• Visa Business Launch— барои муаррифии корти Visa Business, ки махсус барои мизоҷони корпоративӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ таҳия гардидааст.

• Successful Visa+ Launch— барои ҷорӣ намудани муваффақонаи технологияи Visa+ ва иҷрои интиқоли маблағ тавассути рақами телефон.

• Pioneering GPay Usage Marketing Campaign— барои гузаронидани маъракаи инноватсионии маркетингӣ ҷиҳати тарғиби Google Pay ва тақвияти истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ.

Ин ҷоизаҳо равиши низомманд ва устувори ICB-ро дар рушди ҳалли муосири молиявӣ, беҳтарсозии таҷрибаи мизоҷон ва татбиқи технологияҳои байналмилалии пардохтӣ инъикос менамоянд.

ICB минбаъд низ рушди маҳсулот ва хизматрасониҳои рақамиро идома дода, дар таҳкими ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва инфрасохтори молиявии кишвар саҳм мегузорад.

https://icb.tj