24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе, корхонаи маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои ҶДММ «Покиза М» дар ноҳияи Шоҳмансур, се корхонаи парандапарварӣ дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Шаҳринаву Файзобод, инчунин марҳилаи дуюми ҶДММ «Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон»-ро ба истифода доданд.
Дар пойтахти кишвар бинои нави Муассисаи давлатии Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншоот бо риояи унсурҳои муосири миллӣ бунёд шуда, барои беҳтар намудани симои шаҳр, рушди соҳибкорӣ, тарғиби арзишҳои фарҳангиву иҷтимоӣ ва ташаккули иқтисоди шаҳр мусоидат менамояд. Бо ба истифода супоридани бино шумораи кормандон аз 40 ба 70 нафар расонида шуда, толори маҷлис бо 130 ҷойи нишаст ва китобхонаи электронӣ фароҳам гардидааст.
Ҳамзамон, таваққуфгоҳи бисёрсатҳаи муосир барои 354 воситаи нақлиёт ба истифода дода шуд, ки ба беҳсозии муҳити шаҳр ва коҳиши серодамии кӯчаҳо равона гардидааст.



Дар ноҳияи Шоҳмансур корхонаи маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои ҶДММ «Покиза М» ба фаъолият оғоз намуд. Иқтидори истеҳсолии корхона то 7 тонна маҳсулот дар як шабонарӯзро ташкил дода, дар марҳилаи аввал 77 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Тибқи дурнамо, шумораи кормандон то 280 нафар расонида шуда, пас аз қонеъ гардондани талаботи бозори дохилӣ содироти маҳсулот низ ба роҳ монда мешавад.




Ҳамчунин, се корхонаи парандапарварӣ дар шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Шаҳринав ва Файзобод ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки фаъолияти онҳо ба таъмини бозор бо маҳсулоти гӯштӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди саноати коркард равона гардидааст.
Ҳамчунин, имрӯз бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти марҳилаи дуюми ҶДММ «Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон», ки ҷузъи Гурӯҳи «Анадолу» мебошад, оғози расмӣ бахшида шуд.
Иқтидори истеҳсолии корхона то 170 миллион литр нӯшокиҳо дар як сол буда, бо ба кор даромадани марҳилаи нав беш аз 600 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.




Ба истифода додани ин иншоот идомаи сиёсати саноатикунонии кишвар буда, ба рушди иқтисоди миллӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.




