Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 20 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Лю Бинро ба ҳузур пазируфтааст:
“Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳимми ҳамкорӣ ва баргузории чорабиниҳо дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе мубодилаи афкор намуданд”, — хабар доданд аз ВКХ Тоҷикистон.