COVID-19: дар Тоҷикистон ҳудуди 1,9 млн нафар ваксина гирифтаанд

Shared to Facebook

Бино ба маълумоти расмӣ, то 23 августи имсол дар Тоҷикистон наздик ба 1,9 млн нафар шаҳрвандон ба ваксинатсияи зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шудаанд:

“Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида беш аз 363 ҳазору 895 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд”, — хабар дод маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон, ки 3 июл нашр шуд, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18-сола болои ҷумҳурӣ ҳатмӣ аст. Ваксина ройгон гузаронида мешавад.

Ба маълумоти Вазорат, аз давраи хуруҷи пандемияи коронавирусба ҷумҳурӣ 4 миллиону 160 ҳазору 740 воя ваксина оварда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти тандурустии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта 46 ҳолати сироятёбӣ ба коронавируси COVID-19-ро ба қайд гирифтанд.

Дар айни замон дар шабонарӯзи гузашта 58 нафар пас аз муолиҷа солим гардонида шудаанд.

Дар маҷмӯъ, бино ба омори расмӣ, аз аввали бақайдгирӣ то 23 август дар Тоҷикистон 16514 нафар гирифторони сирояти коронавируси COVID-19 сабт шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16297 нафар (98,6{71e3f139ddb7d3693c5e6ac9bc14887c7a7ddbde000887efff05120848d0251e}) шифо ёфтаанд. Бар асари ин беморӣ 124 нафар фавтидаанд.

Дар ҷаҳон бошад, бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, то 23 август беш аз 211,7 млн нафар мубталои ин беморӣ шуда, аз ин 4,4 млн нафар фавтидаанд.