Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати телефонӣ бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба ва вазъи минтақаиро баррасӣ кардааст.
“Дар ин зимн, ба вазъияти ноороми имрӯзаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аҳамияти хоса зоҳир карда шуд”, — хабар дод Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон.
Ин суҳбати телефонӣ рӯзи 23 август, қабл аз иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастҷамъӣ доир гардид.
Ёдрас мекунем, дар иҷлосия, ки вазъи Афғонистон ва чораҷӯиҳои дастаҷамъӣ ба хатарҳои эҳтимолии аз он кишвар бароянда баррасӣ гардид. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҳайси давлати даъватшуда иштирок кард.