25 август байни Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, ки бо сафари корӣ дар кишвари мо қарор дошт, мулоқоти дуҷониба баргузор гардид:
“Дар ин вохӯрӣ ҳарду ҷониб рушди баъдии ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ, амниятӣ, гуманитарӣ, шарокат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ ва СҲШ баррасӣ карда, ҳавасмандии худро барои рушди минбаъдаи он иброз доштанд”, — хабар дод ВКХ Тоҷикистон.
Вазирон ҳамчунин дар робита ба вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва таъмини амнияти минтақавӣ мубодилаи афкор намудаанд.
Ҳамзамон дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба баргузории Саммити ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ дар Душанбе дар рӯзҳои 16-17 сентябри соли равон табодули афкор намудаанд.