Дар Тоҷикистон маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз шуд

Shared to Facebook

Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ба истиснои шаҳри Бохтар, ноҳияи Ёвон ва Данғара маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз гардидааст.

Дар ин бора Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Ба маълумоти манбаъ, имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 177 ҳазору 48 гектар пунбадона кишт шудааст.

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоти Хатлон  иттилоъ доданд, ки ахиран раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба чанде аз хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Кушониён ва Ҷайҳун рафта, бевосита дар оғози маъракаи пахтачинӣ иштирок намудааст. Вай дар суҳбатҳояш бо роҳбарони хоҷагиҳо бобати бештар ҳавасманд сохтани чинакчиён ва дигар саҳмдорон вазифадор намудааст, ки аз боду ҳавои мусоид самаранок истифода бурда, ҳосили бо сад ранҷ парваридаи марди деҳқонро сари вақт ҷамъоварӣ намоянд.