Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Олмон зимни мулоқот аз он нигаронӣ карданд, ки қаламрави Афғонистон метавонад ба пойгоҳ барои омода намудани террористони байналмилалӣ табдил ёбад.
Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири федералии корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас рӯзи 30 август дар Душанбе баргузор гардид.
“Ҷонибҳо мавзӯъҳои дуҷониба, минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар қолабҳои бисёрҷонибаро баррасӣ намуданд. Дар меҳвари гуфтугӯ ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди вазъ дар Афғонистон, ки имрӯз пурпечутоб ва пешгӯинашаванда мебошад, қарор гирифт”, — гуфтанд вазирон дар нишасти матбуотӣ.
Зикр гардид, ки онҳо бо изҳори нигаронии худ оид ба ҳолати душвор дар Афғонистон пайомадҳои эҳтимолии амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва гуманитарии онро баррасӣ намуданд.
Гуфат шудааст, таъсиси ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони тамоми гурӯҳҳои этникӣ яке аз омилҳоест, ки ба истиқрори вазъ дар Афғонистон мусоидат мекунад. Ҷониби Тоҷикистон таъкид намудааст, ки ягон ҳукумати дигарро, ки бо роҳи зӯроварӣ ва таҳмил барпо карда мешавад, эътироф намекунад.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ду кишвар дар масъалаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории фаромиллӣ мавқеи ҳамсон доранд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар изҳороташ гуфт, бо дарназардошти таҳдиди бевоситаи ҳолати кунунии Афғонистон ба кишварҳои минтақа, Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкорӣ бо Олмон дар масоили таъмини вазъи амниятӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон таваҷҷуҳи хос дорад:
“Мо омодагии худро барои дастгирии ташаббусҳои созанда ва гуманитарии Олмон изҳор намудем. Зикр кардем, ки барои таҳкими марз ва бартарафсозии пайомадҳои манфии нооромӣ дар кишвари ҳамсоя, офатҳои табиӣ ва COVID-19 Тоҷикистон ба дастгирии шарикони рушд, аз ҷумла Олмон ниёз дорад”, — гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, “барои Тоҷикистон Олмон яке аз шарикони муҳим ва боэътимод дар Аврупо буда, мо барои густариши минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар масъалаҳои дорои аҳамияти дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳори омодагӣ кардем. Дар ин робита мо аҳамият ва нақши абзорҳои мавҷудаи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла машваратҳои сиёсиро байни Тоҷикистону Олмон, инчунин ҳамкорӣ дар доираи “Осиёи Марказии сабз” ва Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказиро таъкид намудем”.
Таъкид гардид, ки терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун таҳдиди аввалиндараҷа ба сулҳу субот дар минтақаҳои мо боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, мо омодаем бо Олмон барои мубориза ва пешгирии ин зуҳурот ҳамкорӣ кунем.
Тасмим гирифта шудааст, ки 30-юмин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Олмон соли 2022 таҷлил шуда, ба ин муносибат чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангӣ баргузор гарданд.
“Барои ҳамкории самарабахши кишварҳои мо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн заминаи ҳуқуқӣ нақши муҳим мебозад”, — гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Бо таъкид ба зарурати таҳкими пояи ҳуқуқӣ таъкид карда шуд, ки лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва амният барои имзо омода мебошад.
“Ҳамин гуна мо аз сатҳи кунунии муносибатҳо изҳори қаноатмандӣ карда, идома ва тавсеаи ҳамкориҳои минбаъдаро муҳим шуморидем”, — афзуд вазир.
Изҳороти матбуотии
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз натиҷаи мулоқот бо Вазири федералии корҳои хориҷии Олмон
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Хонумон ва ҷанобон!
Шумо медонед, ки имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири федералии корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маасро ба ҳузур пазируфтанд.
Суҳбат чун анъана дар фазои дӯстӣ, созандагӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.
Ҷонибҳо мавзӯъҳои дуҷониба, минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар қолабҳои бисёрҷонибаро баррасӣ намуданд.
Дар меҳвари гуфтугӯ ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди вазъ дар Афғонистон, ки имрӯз пурпечутоб ва пешгӯинашаванда мебошад, қарор гирифт.
Ҷонибҳо бо изҳори нигаронии худ оид ба ҳолати душвор дар Афғонистон паёмадҳои эҳтимолии амниятӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва гуманитарии онро баррасӣ намуданд.
Қайд гардид, ки таъсиси Ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони тамоми гурӯҳҳои этникӣ яке аз омилҳоест, ки ба истиқрори вазъ дар Афғонистон мусоидат мекунад. Ҷониби Тоҷикистон таъкид намуд, ки ягон ҳукумати дигарро, ки бо роҳи зуроварӣ ва таҳмил барпо карда мешавад, эътироф нахоҳад кард.
Бо дарназардошти таҳдиди бевоситаи ҳолати кунунии Афғонистон ба кишварҳои минтақа, Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳо бо Олмон дар масоили таъмини вазъи амниятӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон таваҷҷӯҳи хос дорад.
Мо омодагии худро барои дастгирии ташаббусҳои созанда ва гуманитарии Олмон изҳор намудем.
Қайд кардем, ки барои таҳкими марз ва бартарафсозии паёмадҳои манфии нооромӣ дар кишвари ҳамсоя, офатҳои табиӣ ва COVID-19 Тоҷикистон ба дастгирии шарикони рушд, аз ҷумла Олмон ниёз дорад.
Ҷонибҳо аз эҳтимоли мубаддал гардидани Афғонистон ба пойгоҳ барои омода намудани террористони байналмилалӣ изҳори нигаронӣ намуданд.
Инчунин изҳор гардид, ки ду кишвар дар масъалаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории фаромиллӣ мавқеи ҳамсон доранд.
Барои Тоҷикистон Олмон яке аз шарикони муҳим ва боэътимод дар Аврупо буда, мо барои густариши минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар масъалаҳои дорои аҳаммияти дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳори омодагӣ кардем.
Дар ин робита мо аҳаммият ва нақши абзорҳои мавҷудаи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла машваратҳои сиёсиро байни Тоҷикистону Олмон, инчунин ҳамкорӣ дар доираи “Осиёи Марказии сабз” ва Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказиро таъкид намудем.
Тасмим гирифта шуд, ки 30-юмин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Олмонро соли 2022 таҷлил намоем ва ба ин муносибат чорабиниҳои илмӣ ва фарҳангӣ баргузор кунем.
Барои ҳамкории самарабахши кишварҳои мо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн заминаи ҳуқуқӣ нақши муҳим мебозад.
Терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун таҳдиди аввалиндараҷа ба сулҳу субот дар минтақаҳои мо боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, мо омодаем бо Олмон барои мубориза ва пешгирии ин зуҳурот ҳамкорӣ кунем.
Бо таъкид ба зарурати таҳкими пояи ҳуқуқӣ таъкид карда шуд, ки лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва амният барои имзо омода мебошад.
Ҳамин гуна мо аз сатҳи кунунии муносибатҳо изҳори қаноатмандӣ карда, идома ва тавсеаи ҳамкориҳои минбаъдаро муҳим шуморидем.
Ташаккур!