Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 2 август бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита мулоқот кардааст.
Бино ба хабари ВКХ Тоҷикистон, дар рафти мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҷопон дар самтҳои гуногун баррасӣ шуд.
“Таълим ва рушди захираҳои инсонӣ яке аз самтҳои авлавиятноки Стратегияи рушди Тоҷикистон мебошанд. Мутахассисони кишвари мо дар давраҳои гуногуни бозомӯзӣ дар Ҷопон таҳсил мекунанд. Дар ин замина лоиҳаи Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ (JDS) дар рушди нерӯи мутахассисони ҷавон дар бахшҳои муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, иқтисодиёт ва мудирият саҳми арзанда мегузорад”, — таъкид шудааст дар мулоқот.
Дар фарҷоми суҳбат маросими имзои Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон дар бораи лоиҳаи “Бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ” баргузор гардидааст.