17 сентябр дар шаҳри Душанбе бори аввал нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба вазъи Афғонистон баргузор мешавад.
“Дар ҷараёни мулоқот сарони кишварҳои СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон табодули ҳамаҷонибаи афкор мекунанд”, — хабар дод ВКХ Тоҷикистон.