Супоришҳои Рустами Эмомалӣ. Нигаронӣ аз беэътиноии масъулини соҳаи барқ ва вазифаҳо барои нимсолаи дуввум

Shared to Facebook

Раиси шаҳри Душанбе масъулин ва сохторҳои дахлдори пойтахтро вазифадор кардааст, ки фаъолияти мунтазам ва омодагии дастгоҳу таҷҳизотҳои барқӣ,трансформаторҳои зеристгоҳҳои барқӣ ва нуқтаҳои трасформаторӣ, сарфакорона истифода бурдани энергияи барқ, пешгирии талафот ва ҳолатҳои ғайриқонунии истифодаи он аз ҷониби муштариён, ҷамъоварии пардохти саривақтӣ ва коҳиш додани қарзҳои истифодаи энергияи барқ, иваз намудани таҷҳизотҳои куҳна ва фарсудаи барқӣ ба таҷҳизотҳои нави муосирро таъмин намуда, корҳои татбиқи низоми биллингии назорат ва баҳисобгирии энергияи барқро вусъат бахшанд. Ҳамзамон, дастур дода шудааст, ки бобати пешгирии қатъшавии энергияи барқ ва таъмини мунтазами он дар фасли зимистон корҳои профилактикӣ ва таъмири ҷории таҷҳизотҳоро ба роҳ монда, ҷиҳати давра ба давра насб намудани ҳисобкунакҳои нави электронии муосир тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд. 

Ин дастурҳо зимни иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, ки ҳафтаи сипаришуда баргузор гардид, дода шудаанд.

Бино ба гузориши АМИТ “Ховар”, зимни баррасии мавзӯъи ба низоми замонавии билингӣ гузаштани хизмат, таъмини боэътимоди барқ ба сокинон ва таҷдиду барқарорсозии зеристгоҳҳои барқӣ Раиси шаҳр нигаронӣ кардааст, ки қатъ гардидани нерӯи барқ дар баъзе шаҳраку маҳаллаҳои шаҳр сабаби муроҷиати зиёди сокинони пойтахт ба мақомот гардидааст. Гуфта шудааст, танҳо дар шаш моҳи аввали имсол 198 муроҷиат дар ин хусус ба қисми навбатдории мақомот ворид шудаааст, ки аз беэътиноии масъулини соҳа дарак медиҳад.

Зимни баррасии масъалаи “Дар бораи иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вобаста ба эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” таъкид шудааст, ки масъулин ва сохторҳои марбута ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, таъмини таълимгоҳҳо бо кадрҳои баландихтисос тадбирҳои судманд андешида, бобати пайдо намудани роҳҳои ҷалби толибилмону донишҷӯён ба азхудкунӣ ва омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, ҷиҳозонидани мактабҳо бо асбобҳои айёнӣ ва таъсиси корхонаи истеҳсоли асбобҳои айёнӣ фаъолиятро пурзӯр намоянд.

Ҳамзамон, масъулини соҳаи тандурустӣ ва раисони ноҳияҳои пойтахт муваззаф шудаанд, ки бо мақсади беҳбуд бахшидани вазъи санитарии пойтахт, пешгирии бемориҳои сироятӣ, инчунин таъмини ёрии таъҷилии тиббӣ ба аҳолӣ чораҳои қатъӣ андешида, бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории пандемияи коронавируси “Covid-19” дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилот ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, захираи маводҳои худмуҳофизатии тиббӣ, доруворӣ ва маҳлулҳои лабораториро дар муассисаҳои табобатӣ таъмин намуда, ба такмили кори ташхисгоҳҳо, тайёр кардани мутахассисони варзидаи соҳаи тиб, хусусан табибони оилавӣ, сироятшинос ва вирусологҳо, инчунин омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд:

“Ҳамчунин корҳоро дар самти риояи қоидаҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, хусусан истифодаи ниқоб ва дигар чораҳои амниятӣ ҷоннок намуда, ба дигар сохторҳо дастур доданд, ки доир ба баланд бардоштани фаъолияти китобхонаҳо, истифодаи самараноки майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон пас аз таҷдиди дубора ва нигоҳубин, тозагӣ ва тибқи реҷаи корӣ фаъолият намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд”.

Вобаста ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз тамоми сохторҳои пойтахт талаб карда шудааст, ки дар самти рушду пешрафти тамоми соҳаҳои шаҳрдорӣ бахшида ба ҷашни мазкур ба насби шиору овезаҳо дар кӯчаву хиёбон ва бинову иншоот, тақвияти корҳои рангуборкунӣ ва ороиши намои бинову иншоот таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, сари вақт баровардани партовҳо ва дар ҳолати хуби санитарӣ нигоҳ доштани нуқтаҳои партовҷамъкунӣ, инчунин бо ҷалби аҳли ҷамоатчигӣ, кормандони корхонаҳои давлатӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо ҳар ҳафта ташкил кардани шанбегиҳо чораҷӯӣ намоянд. Аз масъулин ва хоса раисони ноҳияҳо тақозо карда шудааст, ки баҳри истироҳату фароғати шаҳрвандон дар боғҳои фарҳангӣ тамоми шароити мусоидро бо риояи талаботҳои санитарию гигиенӣ таъмин карда, барои муҳайё сохтани зиндагии шоистаи сокинон тадбирҳо андешанд.

Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ҳамчунин натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанберо дар нимсолаи аввали соли 2020 ҷамъбаст ва вазифаҳоро барои нимсолаи дуюм муайян кардааст. Зикр гардидааст, ки хуруҷи бемории коронавируси COVID-19 дар аксар кишварҳои ҷаҳон ва ҳолати сироятёбии он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини рушди баъзе аз нишондиҳандаҳои иқтисодии пойтахт таъсири манфӣ расонида бошад ҳам, дар давраи сипаришуда Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 6,7 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 20,7 фоизро ташкил дод.

Дар маҷмӯъ, ба ҳолати 1 июни соли ҷорӣ аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда 7 497 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис ва барқарор карда шудааст.

Дар ин робита Раиси шаҳри Душанбе Эмомалӣ ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, роҳбарони дастгоҳ ва воҳидҳои сохтории дахлдори Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур додааст, ки бо дарназардошти сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқололияти давлатии Тоҷикистон иҷрои саривақтии Нақша-чорабиниҳои амалисозии корҳои ободониву бунёдкориро дар муҳлатҳои муайянгардида ва бо сифати баланд таъмин намуда, рушди соҳаи саноат, бахусус бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири саноатӣ ва воридотивазкунанда чораҷӯӣ намуда, беҳтар намудани сифати корҳои сохтмон ва дар ин замина аз комиссияи давлатии қабул гузаронидани биноҳои истиқоматӣ, истифодаи масолеҳи баландсифати сохтмонӣ, пешгирии ҳолатҳои ғасби замин ва сохтмони худсаронаи ошёнаҳои иловагии манзилҳои истиқоматӣ, беҳтар намудани сифати бунёди роҳҳо, пешгирии талафоти оби нушокӣ, назорат дар самти обтаъминкунӣ, насби ҳисобкунакҳои обӣ корҳоро пурзӯр намуда, масъулин ва намояндагони ҳифзи ҳуқуқу тартиботро вазифадор карданд, ки дар ин самт пеши роҳи ҳама гуна қонуншиканӣ ва вайронкориҳоро гирифта, миёни сокинон корҳои тарғиботиро ҷоннок намоянд:

“Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо инобати таъмини рушди устувори пойтахт вазифаҳоро барои давраи минбаъда муайян карда, ба роҳбарони ҳамаи ташкилоту муассисаҳо супориш доданд, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва таъмини суръати рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ ва андози иҷтимоӣ, дарёфти сарчашмаҳои нав ва зиёд намудани даромади буҷет, баланд бардоштани интизоми андозсупорандагон ва бо дарназардошти муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия бобати захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар намуди маҳсулот тариқи шартномабандӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ чораандешӣ намуда, ба риояи қоидаҳои савдо, меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ, таъмини либоси ягонаи корӣ дар корхонаҳои савдои хӯроки умумӣ ва бозорҳо, ҳамзамон аз байн бурдани савдои кӯчагӣ ва пешгирии фурӯши маҳсулоти тамоку ва спиртӣ ба ноболиғон чораҳои таъхирнопазир андешанд”, — омадааст дар гузориш.

Масъулини соҳаи нақлиёт муваззаф гардидаанд, ки фаъолияти самараноки хизматрасониро дар нақлиёти ҷамъиятӣ таъмин намуда, пешгирии тамбашавӣ, риояи бечунучарои қоидаҳои роҳ ва корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти пешгирӣ аз паҳншавии мавҷи нави бемории сироятии COVID-19 пурзӯр карда, вобаста ба одоби муошират, истифодаи сару либоси ягона ва пешгирии сабқати ронандагон чораҳои лозимаро роҳандозӣ намоянд.

Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум ҳамчунин як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар самти сиёсати кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳим баррасӣ ва тасдиқ кардааст.