Шоми 16 сентябр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай, инчунин меҳмонони фахрии ин чорабиниҳо, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор доранд, дар Бӯстонсарои Ҳукумати Тоҷикистон зиёфати ғайрирасмӣ оростанд.
Хадамоти матбуотии Сарвари давлат мегӯяд, ин зиёфати ғайрирасмӣ “бо фазои гарму самимияш ба як маҳфили Шоми дӯстӣ табдил ёфт”.
Барои баргузории шоми дӯстӣ яке аз мавзеъҳои хушбоду ҳавои бӯстонсаро интихоб гардида, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо меҳмонони олимақом — Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Сарвазири Покистон Имрон Хон, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров ва дигар меҳмонон ба сайругашти шомгоҳӣ баромаданд:
“Сайругашти меҳмонон дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт. Онҳо аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурда, аз намоишгоҳи неъматҳои табиии диёри биҳиштосои мо боздид карданд”, — тавсиф кард Хадамоти матбуотии Президент.
Дар Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллии Тоҷикистон, ки дар Бӯстонсарои Ҳукумати Тоҷикистон ташкил гардид, даҳҳо намуди меваҳои тару тозаи Тоҷикистон, навъҳои гуногуни полезиҳо, меваҳои аз лиҳозу таъму сифат беҳамто, ба мисли ангуру меваҳои донадор, хушкмеваҳои босифат, аз қабили мағзу бодом, мавизу писта ва меваҳои ситрусӣ ба маъраз гузошта шуда буд:
“Меҳмонони олиқадр ба ҳар як маҳсулоти ба намоиш гузошташуда ва намудҳои гуногуни таомҳои миллии мо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, таъмашонро озмуданд ва ба сифату маззаи ҳар як маҳсулот баҳои баланд доданд”.
Аснои шиносоӣ таъкид карда шудааст, маҳсулоти боғу токпарварони Тоҷикистон ва хушкмеваҳои ба намоиш гузошташуда аксаран маҳсулоти содиротӣ ба ҳисоб рафта, кишвари мо омодааст бо давлатҳои ҳавасманди аъзои СААД, СҲШ ва дигар кишварҳо ҷиҳати таъмини маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ҳамкорӣ намояд.
Дар бӯстонсарои шаҳрӣ сарони давлатҳо ҳамчунин ба дарахтони мевадиҳанда ва сояафкану ороишии боғчаи ҳудуди қароргоҳ, ки аксараш аз ҷониби худи Президенти Тоҷикистон аз хориҷи мамлакат ворид ва шинонда шудааст, таваҷҷуҳи хос зоҳир намудаанд.
Зикр мегардад, ки сарони давлатҳо ва дигар меҳмонони фахрӣ аз меҳмоннавозии гарми анъанавии тоҷикӣ, ки аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зоҳир шуд, қаноатманд гардиданд ва бори дигар ба имконоту захираҳои фаровони кишвари мо дар самти истеҳсоли меваю сабзавоти хушсифат ва хушкмеваҳо, инчунин намудҳои гуногуни таомҳои хушлаззат аз наздик шинос шуданд:
“Меҳмонони олиқадр бо эҳсоси баланд ба табиати зебои Тоҷикистон ва таомҳои миллию меҳмондории тоҷикӣ шефта будани худро иброз доштанд”.