Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 21 сентябр дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ бо Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Норвегия Ине Мари Эриксен Сюрайде мулоқот кардааст.
Бино ба хабари ВКХ Тоҷикистон, дар мулоқот ҷонибҳо масоил ва роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисод ва маориф мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамон рӯз, ҳамчунин, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири федеролии Австрия дар умури Аврупо, ҳамгироӣ ва корҳои хориҷӣ Александр Шалленберг мулоқот кардааст:
“Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Австрияро мавриди баррасӣ қарор доданд”, — хабар дод манбаъ.
Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба хатару чолишҳои амниятӣ, вазъи кунунӣ дар минтақа ва дигар масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ мубодилаи афкор намудаанд.