Паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар ҷаҳон ва суст шудани суръати рушди соҳаҳои иқтисодиёт дар бисёр кишварҳои олам, аз он ҷумла ба шарикони асосии рушди Тоҷикистон, ба нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар бетаъсир намонд. Дар ин росто дастгирии буҷети кишвар дар доираи Механизми фаврии қарздиҳӣ ва бахшидани қарз аз ҷониби Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) яке аз тадбирҳои назаррас барои коҳиш додани таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти кишвар, бахусус бахши молиявӣ арзёбӣ мегардад.
Ин нукта зимни мулоқоти роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо Мудири иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор Пётр Трабински дар Душанбе таъкид гардидааст.
Дар мулоқот Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, намояндаи Тоҷикистон дар Бонки Ҷаҳонӣ ва ХБА Илҳом Раҷабов, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва роҳбарони сохторҳои калидии БМТ ширкат варзидаанд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода аз ҳамкории самарабахши ХБА ва дастгирии ин ниҳоди бонуфузи байналмилалии молиявӣ барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, ба Мудири иҷроияи ХБА Пётр Трабински, ки роҳбарии Гурӯҳи кишварҳои узви электоратро ба уҳда дошта, манфиат ва ташаббусҳои Тоҷикистонро дар ХБА муаррифӣ менамояд, арзи сипос намудааст.
Холиқзода ҳамзамон қайд кардааст, ки Бонки миллӣ ҳамчун мақоми танзимкунандаи бахши молиявию бонкӣ татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва асъориро баҳри мусоидат ба рушди иқтисодиёт, устувории низоми бонкӣ ва нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ равона намуда, новобаста аз маҳдудиятҳои бо пандемияи COVID-19 алоқаманд ва афзоиши фишорҳои берунӣ, низоми бонкии кишвар дар соли 2020 фаъолияти худро бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст намуд. Вай барои идома бахшидани ҳамкорӣ бо ХБА изҳори омодагӣ намуда, барои мусоидати ХБА ҷиҳати тасдиқи барномаи нави ислоҳоти иқтисодӣ ба Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои кумакҳои техникӣ дар самти суботи молиявӣ, сиёсати пулию қарзӣ ҷиҳати гузариш ба ҳадафгирии таваррум, сиёсати асъорӣ, ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ изҳори ҳавасмандӣ кардааст.
Дар мулоқот ҳамзамон масъалаи татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, сиёсати фискалӣ, пешгирии пайомадҳои манфии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ ва низоми молиявии кишвар, тадбирҳои амалишударо баҳри бартараф кардани оқибатҳои он бо истифода аз тамоми имкониятҳо мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Мудири иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор Пётр Трабински, ки бори нахуст ба Тоҷикистон ташриф овард, дар навбати худ аз пазироии самимӣ ва пешниҳоди маълумоти мушаххас ба роҳбарияти БМТ изҳори сипос намуда, барои густариш додани ҳамкориҳо бо Тоҷикистон омодагии хешро баён намудааст. Пётр Трабински аз татбиқи як қатор ислоҳотҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар самти сиёсати пулию қарзӣ, аз ҷумла дар роҳи гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум, суботи молиявӣ ва самтҳои дигари низоми бонкӣ изҳори хушнудӣ карда, зикр намудааст, ки ҳамкориҳои минбаъда метавонанд ба рушди низоми бонкӣ, бахусус бахши молия як қатор имкониятҳои мусоид муҳайё созанд. Ҳамзамон Мудири иҷроияи ХБА барои муҳокима ва тавсеа бахшидани ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни сиёсати пулию қарзӣ ва низоми бонкӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, ки дар доираи он имкони фазои мусоиди мулоқотҳо бо институтҳои байналмилалии молиявӣ фароҳам хоҳад шуд, аз ҷониби роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон даъват ба амал овардааст.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба Мудири иҷроияи ХБА Пётр Трабински барои дастгирии доимӣ арзи сипос намуда, изҳори умед кардааст, ки минбаъд низ ҳамкориҳои дуҷониба бо Тоҷикистон дар доираи Гурӯҳи кишварҳои узви электорат рушд меёбад.