30 сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе маросими расмии супоридани кӯмаки башардӯстона ба ҷониби Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихан Туреханов ба роҳбарияти Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатро барои 5 ҳазор тонна мазут тақдим намуд.
Валихан Туреханов дар суханронии худ қайд намуд, ки дар чаҳорчӯби равобити стратегии ду кишвар роҳбарияти Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи умумии 893,7 миллион танга (тақрибан 1,65 миллион доллар) кӯмаки башардӯстона расонад.
Кӯмаки башардӯстона бо мусоидати Оҷонсии рушди байналмилалии Қазоқистон (KazAID) расонида шуда, саҳмгузорӣ ба амнияти энергетикӣ ва зуҳури ҳамҷаворӣ ва кӯмаки мутақобилан хоси ҳамкориҳои Қазоқистону Тоҷикистон мебошад.
Тайи 5 соли охир ҳаҷми кӯмакҳои башардӯстонаи расонидашудаи ҷониби Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 21 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст.