Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ парвандаи шиканҷа шудани сокини шаҳри Душанбе — Мадина Мамадҷонова аз ҷониби шаҳрванд Азиза Давлатова, маъруф ба “парвандаи шиканҷаи Мадина”-ро зери назорати шахсӣ гирифтааст.
Котиби матбуотии Маҷлиси миллии Тоҷикистон Наврӯз Қурбонзода дар иттилоияе гуфт, “Рустами Эмомалӣ оиди дар шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиат намудани сокини шаҳри Душанбе — Алимова Зулфия дар хусуси ба духтараш Мамадҷонова Мадина аз ҷониби шаҳрванд Давлатова Азиза 25 августи соли 2021 бо роҳи шиканҷа расонидани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ва дар ҳолати вазнин ба Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявии “Шифобахш” дар ҳолати беҳушӣ овардани ӯро, мавриди таваҷҷуҳ қарор дод”.
“Қаблан тафтиши ҳолати мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр анҷом дода шуда, бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 7 сентябри соли 2021 аз оғози кори ҷиноятӣ рад карда шудааст”, — гуфт ӯ.
Рустами Эмомалӣ бо инобати дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён омадани афкори гуногун, ба Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохила дастур дода, зимни иҷрои он санҷиши ҳолати кор аз нав оғоз карда шудааст. Зикр мегардад, ки тафтиши ҳаматарафа, пурра ва объективонаи он таҳти назорати бевосита қарор дода шудааст.