Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маротибаи чорум Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуданд. Номзадии Президент аз ҷониби 15 ташкилоти узви КМО Тоҷикистон пешбарӣ гардида, якдилона ҷонибдорӣ ёфтааст.
Ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии 21-ум Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 28 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст.
Ҳамчунин, Абдулло Раҳмонзода (муовини аввали раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон) ва Дилшод Назаров (раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон) ноибони Президенти КМО Тоҷикистон, Муҳаммадшо Абдуллозода (котиби генералии Ассотсиатсияи намудҳои зимистонаи варзиш) котиби генералӣ, Екатерина Измайлова (узви Комиссияи варзишгарони КМО Тоҷикистон), Шоҳида Қаландарова (узви Федератсияи ҷудои Тоҷикистон), Абдулло Маҳамадализода (котиби генералии Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон), Ҳусейнҷон Саидов (узви Федератсияи ҳендболи Тоҷикистон) ва Нигина Хайруллоева (котиби генералии Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон) аъзои дигари Кумитаи иҷроияи КМО Тоҷикистон барои давраи солҳои 2022-2024 интихоб гардидаанд.
Бино ба гузориши маркази матбуоти КМО Тоҷикистон, дар ҷаласа ҳисобот оид ба фаъолияти Кумита дар солҳои 2017-2021 шунида шуд.
Зикр гардидааст, ки дар ин давра 28 варзишгар аз дастгирии молиявии олимпӣ — Токио-2020 бо маблағи умумии 278800 доллар бархӯрдор шудаанд. Ҳамчунин, мактабҳои варзишӣ, федератсияҳои варзишӣ, варзишгарон бо 16614 адад таҷҳизот ва лавозимоти варзишӣ таъмин гардиданд.
Дар ин давра ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои зимистонаи Осиё — Саппоро-2017, Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ — Боку-2017, Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ — Ашқобод-2017, Бозиҳои Осиё — Ҷакарта/Палембанг-2018, Бозиҳои олимпии наврасон — Буэнос Айрес-2018, Бозиҳои зимистонаи Бачаҳои Осиё — Сахалин-2019, Бозиҳои олимпӣ — Токио-2020 иштирок карда, дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 3 медали биринҷӣ, дар Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ 51 медал (3 тилло, 14 нуқра, 34 биринҷӣ), дар Бозиҳои Осиё 7 медал (4 нуқра, 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Ҳамчунин, дар ҷаласа нақшаи кор ва нақшаи буҷети Кумита барои соли 2022 тасдиқ шуданд.