Ҳабси абади Шоҳназар барои қатли ҳамсари ҳомила ва падарарӯс

Shared to Facebook

Суди кишвари Перми Русия Шоҳназар Шосафаровро, ки шаҳрвандии ҳам Тоҷикистон ва ҳам Русияро дорад, дар қатли бераҳмонаи ҳамсари ҳомилаи 21-солааш Шабнам ва падарарӯси 48-солааш Ҳоҷиқурбон гунаҳкор дониста, ба ҳабси абад маҳкум кард.

Ҳукми суд рӯзи 27 декабр содир шуд.

Раёсати тафтишоти кишвари Перм хабар дод, ки суд ҳамчунин Шосафаровро ба пардохти беш аз 9 миллион рубл товон ба ҷабрдидаҳо вазифадор кард.

“Тафтишот ва суд муайян карданд, ки рӯзи 3 феврали соли 2021 дар манзили истиқоматии воқеъ дар ноҳияи Дзержинскийи шаҳри Перм байни маҳкумшуда ва ҳамсари ҳомилаи ӯ муноқиша ба амал омада, дар рафти он маҳкумшуда дар заминаи хусумати шахсӣ қасди ҷиноятии куштани зан ва падарашро пеш гирифтааст”, — хабар дод сомонаи Раёсати тафтишотӣ.

Рӯзи 10 декабр айбдоркунандаи давлатӣ низ аз суд барои Шосафаров ҳукми ҳабси умрбод талаб кард. Ин ҳадди аксари ҷазо барои қатли ду нафар, аз ҷумла зани ҳомила, тибқи қисми дуюми моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия аст.

Бино ба хулосаи тафтишот ва суд, рӯзи 3 феврали соли 2021 дар кӯчаи Есенини маҳаллаи Заостровкаи шаҳри Перм ҷасади оғӯшта ба хун ва сарбуридаи Шабнами 21-соларо дар даруни хона ва ҷасади падари 48-солаи ӯ Ҳоҷиқурбонро дар кӯча пайдо карданд.

Нашрияҳои маҳаллӣ хабар дода буданд, ки ҳамон рӯзи 3 феврал дар кӯчаи Есенин ҳудуди 100 нафар аз зодагони Тоҷикистон ҷамъ омаданд, ки мехостанд худашон ҷазои Шосафаровро барои қатли ҳамсар ва падарарӯсаш бидиҳанд, вале пулис ӯро дастгир кард.

Дар ҷараёни тафтишот Шоҳназар Шосафаров ду маротиба мавриди ташхиси тиббии рӯҳию равонӣ қарор гирифт ва ҳарду ташхис ба хулосае омад, ки ҳангоми қатли ҳамсару падарарӯсаш ақлаш дар сараш буд. Худи Шосафаров дар рафти тафтишот ба гуноҳи худ иқрор карда гуфтааст, ки Шабнам мехост аз вай ҷудо шавад ва кӯдаки батнашро исқоти ҳамл (аборт) кунад, падараш ҳам аз ин тасмими ӯ пуштибонӣ мекард ва ҳамин боиси низоъи хунине шуд, ки бо чунин фоҷиа анҷомид. Ӯ аввал Шабнамро кордборон карда, сипас бо ҳамон корд сарашро аз тан ҷудо кардааст. Вақте Шоҳназар аз хона берун мерафт, дар кӯча бо падарарӯсаш рӯбарӯ шуда ва ӯро ҳам қариб 60 зарбаи корд задааст.

Аз Шабнам ду фарзанди хурдсол – як писар ва як духтар ятим мондааст. Нигоҳубини онҳоро амаки Шабнам ба дӯши худ гирифта, кӯдаконро ба Тоҷикистон овардааст.

Ҷанозаҳои Шабнаму падарашро ҳам барои гӯручӯб ба Тоҷикистон оварданд.