Владимир Путин рӯзи 9 октябр ба Тоҷикистон сафари давлатӣ анҷом медиҳад

Shared to Facebook

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин рӯзи 9-уми октябр бо як сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад, хабар додааст муовини вазири корҳои хориҷии Русия Александр Панкин. Дар ин хусус “Садои Осиёи Марказӣ” (Голос Центральной Азии) иттилоъ додааст.

«Ман итминон дорам, ки ин сафар ба рушди равобити бисёрҷонибаи мо такони нав бахшида, ба дарёфти самтҳои нави ҳамкорӣ мусоидат хоҳад кард», — иброз намудааст Панкин зимни суханронӣ дар чорабиние, ки дар Сафорати Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ба гуфтаи Панкин, роҳбарони ду кишвар, Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими равобити ду кишвар нақши муҳим доранд. Вай таъкид намуд, ки муносибати дӯстонаи сарони ду кишвар собит менамояд, ки дӯстиро дар ҳама гуна вазъият метавон ҳифз намуд.

➡️Голос Центральной Азии