Хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон бо сару либоси нав таъмин мегарданд

Shared to Facebook

Дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ бо иштироки ҳайати роҳбарикунандаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратии кишвар баргузор гардид. Дар ҷараёни он масъалаи таҳияи сару либоси ягонаи миллӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намунаҳои либоси нав бо ҷалби мутахассисони соҳа таҳия шуда, қаблан ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати роҳбарикунандаи Артиши миллӣ пешниҳод гардида буданд. Акнун ин намунаҳо ба намояндагони Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия ва дигар сохторҳои низомӣ муаррифӣ гардиданд.

Иштирокчиёни машварат таъкид намуданд, ки гарчанде дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар сохторҳои низомӣ шакли ягонаи либоси хизматӣ роҳандозӣ шуда бошад ҳам, имрӯз зарурати мутобиқсозии сару либоси ҳаррӯзаи хизматчиён ба шароити иқлимии кишвар, инчунин интихоби дурусти матоъ ва тарзи дӯхти он ба миён омадааст.

Масъулин зикр карданд, ки ҳангоми таҳияи либоси нав тамоми меъёрҳои ҳатмии ҳарбӣ бо риояи унсурҳои фарҳанги миллӣ ба инобат гирифта шудаанд. Сару либоси низомӣ имрӯз натанҳо воситаи кори хизматчиёни ҳарбӣ, балки рамзи ифтихору шарафмандӣ ва симои давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Татбиқи ин иқдом бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ҳадафи он баланд бардоштани мақому эътибори хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷомеа мебошад.

Манбаъ: Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон