Ширкатҳои тоҷикистонӣ бо ширкатҳои олмонӣ ва аврупоӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва воридсозии технологияҳои муосир барои таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ қарордод ва меморандумҳо ба маблағи зиёда аз 600 миллион евро ба имзо расонидаанд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилоъи манбаъ, ин қарордод ва меморандумҳо дар фарҷоми форуми тиҷоратӣ, ки 22 ноябр дар шаҳри бандарии Ҳамбурги Олмон баргузор гардид, ба имзо расонида шуданд. Форуми мазкур дар доираи боздиди ҳайати баландпояи иқтисодии Тоҷикистон аз Олмон доир гардида, дар он беш аз 65 ширкати бонуфузи олмонӣ ва аврупоӣ ва 40 нафар намояндагони бахши хусусии ватанӣ иштирок намудаанд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 21-25 ноябр ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазир Давлаталӣ Саид бо мақсади анҷом додани гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ ва иштирок дар форуми тиҷоратии Тоҷикистону Олмон аз шаҳрҳои Берлин, Ҳамбург ва Любек боздид ба амал овард.
Давлаталӣ Саидро дар ин сафар роҳбарияти вазорату идораҳои марбутаи тоҷикистонӣ, намояндагони бонкҳои давлативу тиҷоратӣ, бахши хусусӣ ва соҳибкорони ватанӣ ҳамроҳӣ карданд.
Дар доираи боздид дар шаҳри Берлин вохӯриҳои дуҷонибаи муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо роҳбарияти Вазорати федеролии корҳои хориҷӣ, Вазорати федеролии иқтисод ва ҳифзи иқлим, Вазорати федеролии озуқаворӣ ва кишоварзӣ, Вазорати федеролии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд ва Вазорати федеролии меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоии Олмон баргузор гардид.
Бо мақсади баррасии ҳолати кунунӣ ва роҳандозии ҳамкориҳои баъдӣ мулоқоти Давлаталӣ Саид бо мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаел Ҳармс доир шуд.
Ҳамчунин, дар шаҳри Берлин мизи мудаввар дар мавзӯи кандаҳои фоиданоки Тоҷикистон бо иштироки ширкатҳои бонуфуз ва сармоягузорӣ танзим гардида, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир таваҷҷуҳи ҷамъомадагонро ба зарфиятҳои сарватҳои ғании табиӣ, аз ҷумла захираҳои маъданҳои минераливу ғайриминералӣ ҷалб намуд. Шералӣ Кабир аз сармоягузорони олмонӣ давъат ба амал овард, ки ҷиҳати истифодаи самараноки ин имкониятҳо бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд.
Таҳти роҳбарии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар Иттиҳодияҳои бонкҳои Олмон мизи муддавар бо мақсади роҳандозии ҳамкориҳои байнибонкӣ танзим карда шуд. Баъд аз анҷоми ин нишаст мулоқотҳои раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва роҳбарияти бонкҳои тоҷикистонӣ бо намояндагони бонкҳои бонуфузи олмонӣ баргузор гардидаанд.
Шоми 21 ноябр аз ҷониби кумитаи шарқии иқтисоди Олмон ба ифтихори боздиди ҳайати расмии Тоҷикистон пазироии расмӣ бо иштироки ширкатҳои бонуфузи олмонӣ доир шудааст.
22 ноябри соли равон дар шаҳри бандарии Ҳамбург Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Олмон бо иштироки беш аз 65 ширкатҳои бонуфузи олмонӣ ва аврупоӣ ва 40 нафар намояндагони бахши хусусии ватанӣ баргузор шуд. Чорабинии мазкур бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Олмон муштаракан бо Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон баргузор гардида, дар ҳошияи он доираи васеи соҳибкорони тоҷикистониву олмонӣ ва масъулини ниҳодҳои мухталифи ду кишвар ширкат доштанд.
Бандари Ҳамбург бузургтарин бандари Олмон ва аз лиҳози ҳаҷм дуюмин бандари бузурги Аврупо ба шумор рафта, он дар робитаҳои тиҷоратӣ байни кишварҳои Осиё ва Аврупо нақши муҳим дорад.
Чорабинии иқтисодиро муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҳусни оғоз намуда, баъдан Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода имконоти иқтисодиву тиҷоратӣ, гидроэнергетикӣ, логистикӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳии кишварро рӯнамоӣ кардааст. Аз ҷумла, ба соҳибкорон дар бораи фазои сармоягузории Тоҷикистон, лоиҳаҳо, чораҳо оид ба дастгирии соҳибкорӣ, инчунин афзалиятҳо ва имтиёзҳое, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод кардааст, маълумоти зарурӣ дода шудааст.
Дар поёни форуми тиҷоратӣ ҷониби тоҷикистонӣ бо ширкатҳои олмонӣ ва аврупоӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва воридсозии технологияҳои муосир барои таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ қарордод ва меморандумҳо ба маблағи зиёда аз 600 миллион евро ба имзо расонид.
Баъд аз ҷамъбасти қисми расмии ҳамоиш миёни иштироккунандагон гуфтугӯҳои дуҷониба дар сиғаи В2В сурат гирифтааст, ки дар он табодули афкор перомуни масъалаҳои умда, аз ҷумла оид ба ҳолати иқтидори тиҷоратию иқтисодӣ ва дурнамои рушд ва роҳандозии ҳамкориҳои мустақим баррасӣ шудаанд.
Тарафҳо бо мақсади густариши ҳарчи бештари ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, ҷалби бештари сармояи олмонӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати баргузории Форуми навбатии Тоҷикистону Олмон дар нимаи аввали соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба мувофиқа расидаанд.
Ҳамзамон, ҳайати Тоҷикистонро роҳбарияти Сенати Ҳамбург ба ҳузур пазируфтааст. Дар рафти суҳбат тарафҳо вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону музофоти федеролии Ҳамбург ҳавасмандӣ зоҳир кардаанд.
Ба ифтихори ташрифи ҳайати баландпояи иқтисодии кишвар ба ин минтақа, муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомудин Сатторовро Президенти шаҳри Любек Клаус Пушаддел ва шаҳрдори он Ян Линденау ба ҳузур пазируфтаанд.
Дар идомаи сафар ҳайат аз корхонаҳои бузургатирини истеҳсолии Baader Group (истеҳсолкунандаи ҷаҳонии таҷҳизоти инноватсионӣ барои саноати хӯрокворӣ) ва Dräger (технологияҳои тиббӣ ва бехатарӣ), ки дар шаҳри Любеки музофоти федеролии Шлезвиг-Ҳолштайн воқеянд, боздид карданд.