28 июли соли 2025 машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ангола маҷозӣ баргузор гардиданд. Дар ин хусус сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар машваратҳо муовини вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода ва ҳайати Ҷумҳурии Анголаро муовини вазири корҳои хориҷӣ хонум Эсмеральда Браво Конде да Силва Мендонса роҳбарӣ намуданд.
Ҷонибҳо густариши ҳамкориҳо дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва илмиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон, масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи геосиёсӣ, амнияти минтақавӣ, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор, мавриди табодули афкор қарор дода шуд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳким ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид намуданд.